22 Ноябр 2026 - 21:16
Source: ABNA
Пентагон дастрасии Конгрессро ба иттилооти марбут ба даргирӣ бо Эрон маҳдуд кард

Маҷаллаи Атлантик эълом кард, ки Пентагон ба баҳонаи «амнияти амалиётӣ» дастрасии Конгресси Амрикоро ба иттилооти марбут ба даргирӣ бо Эрон маҳдуд кардааст

Ба гузориши хабаргузории Абно, маҷаллаи Атлантик бо истинод ба мақомот ва ёддоште аз Пит Ҳегсет, вазири ҷанги Амрико, эълом кард, ки Пентагон дастрасии Конгресси Иёлоти Муттаҳидаро ба иттилооти марбут ба даргирӣ бо Эрон маҳдуд кардааст

Бар асоси ин гузориш, Пентагон ба баҳонаи «амнияти амалиётӣ» пайваста дархостҳои расонаҳоро барои иттилооти дақиқтар дар бораи даргирӣ бо Эрон рад мекунад

Крис Мёрфӣ, сенатори демократи иёлати Коннектикут, пештар ҳукумати Доналд Трамп ва Пентагонро ба кӯшиш барои пинҳон кардани андозаи воқеии хисоротҳои воридшуда ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Осиёи Ғарбӣ пас аз ҳамлаҳои Эрон дар ҷараёни ин сол муттаҳам карда буд

Мёрфӣ, ки дар моҳи октябр ба Қатар ва Арабистони Саудӣ сафар карда буд, гуфт, ки шахсан иҷозаи вуруд ба таъсисоти низомии Қатарро, ки пештар ҳадафи ҳамлаҳои Эрон қарор гирифта буданд, нагирифтааст. Ӯ аз Вазорати ҷанги Амрико , ки андозаи воқеии хисоротро равшан кунад

Your Comment

You are replying to: .
captcha